ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар соли 2022 даромади операторони мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 15% афзуда, беш аз 3,7 млрд сомониро ташкил додаст.
Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, аз корхонаҳои давлатии "Тоҷиктелеком", "Почтаи тоҷик" ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа 197 млн сомонӣ даромад гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2021 беш аз 17% зиёд аст.
Даромади операторони дигар наздики 15% афзоиш ёфта, ба 3,6 млрд сомонӣ баробар шудааст.
Қаблан даромади корхонаҳои соҳаи алоқаи Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди 3,1 млрд сомонӣ арзёбӣ шуда буд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мавриди шумораи истифодабарандагони интернет дар аввали соли равон иттилоъ дода буд, ки бо назардошти интернети мобилӣ ва собит теъдодашон ба 4,5 млн нафар баробар гардид. Ин нишондод як соли қабл ба 4,2 млн нафар баробар буд.
Ба гузориши Хадамоти алоқаи кишвар, шумораи умумии муштариёни соҳаи алоқа ба 8,3 млн баробар аст, ки аз ин 6,4 млн ададашон фаъоланд.
Теъдоди ширкатҳое, ки иҷозатномаи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи мобилиро доранд, 96 адад гуфта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз сифати интернету алоқа ва нархи он изҳори норозигӣ карда буд. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.
Хадамоти алоқа барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.