ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Қазоқитон эълон кардааст, ки иддаоҳо дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба Украина аз тарафи Қазоқистон ҳақиқат надорад.
Тавре вазорати дифои ин кишвар қайд кардааст, наворҳое, ки паҳн шуданд бо техникаи низомӣ аз бойгонӣ ҳастанд.
"Мошинҳои зиреҳпӯш барои таъмири нақшавӣ фиристода шуданд ва техникаи низомӣ айни замон дар анбор аст", - илова кардааст вазорат.
Илова бар ин, аз 27 августи соли 2022 дар ҷумҳурӣ содироти аслиҳа ва техникаи низомӣ манъ карда шуд, гуфт вазорат.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.