Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров: Маскав нақшаи Ғарбро вайрон кард

Вазири умури хориҷии Русия аз нақшаи Ғарб барои дар инзивоъ қарор додани Маскав ва инчунин парокандасозии кишвар аз дохил суҳбат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Русия муваффақ шуд, аз нақшаҳои Ғарб дар инзивои Маскавро барҳам занад, изҳор дошт вазири умури хориҷии ФР, Сергей лавров.
Вай зимни ҳамоиши роҳбарони минтақавии ниҳодҳои намояндагӣ изҳор дошт, ки Русия муваффақ гардид, ки ҳамкорӣ бо аксарияти ҷаҳонро таъмин созад.
Вазири умури хориҷии русия ин дастовардро оғози марҳилаи комилан нав дар таърих унвон кард. Ҷаҳон ба давраи дигаргуниҳои куллии бебозгашт ворид шуд, таъкид намуд Лавров.
"Мо тавонистем на танҳо нақшаҳои дастаҷамъонаи Ғарбро барои дар инзиво ва ҳатто аз ҳам ҷудо кардани Русия барбод диҳем, балки муваффақ шудем, ҳамкориҳои доимиро бо аксарияти мутлақи аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монем", - гуфт вазир.
Вазири умури хориҷии Русия таъкид намуд, ки Маскав муваффақ шуд, бо аксарияти ҷаҳон равобити наздиктар ва муассиртарро инкишоф бидиҳад.
Қаблан президенти Русия, Владимир Путин изҳор дошт, ки алайҳи кишвар ҷабҳаи бузурги низомӣ, иттилоотӣ ва иқтисодӣ кушода шудааст, ки дар ягонтои онҳо бадхоҳони ФР пирӯз нахоҳанд шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Русия огоҳу омодаанд: Рогов нақшаи Украина барои мартро ошкор кард
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.