Путин гуфт, Ғарб мехоҳад Русияро ба қисмҳои хурд тақсим кунад

Президенти Русия аз байн бурдани ин кишварро таҳо ҳадафи ягонаи Ғарб унвон кард ва гуфт, ки онҳо мехоҳанд идораи онро пасон дар дасти худ гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ғарб Русияро танҳо қисм-қисм мепазирад ва баъдан онҳоро ба ҳошия меронад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи ҳадафҳои Ғарб дар пахши барномаи "Маскав. Кремль. Путин", изҳор дошт.
"Онҳо як ҳадаф доранд - барҳам додани Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва қисми асосии он - Федератсияи Русия. Ва баъд, шояд, моро ба оилаи ба истилоҳ халқҳои мутамаддин қабул кунанд, аммо танҳо дар алоҳидагӣ, ҳар як қисми алоҳида. Барои чӣ? Барои он ки ин қисмҳоро ба ҳошия ронда, онҳоро зери назорат нигоҳ доранд”, - гуфтааст, раҳбари Русия.
Ғарб кушиш дошт кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро “оташ” занад
Ба гуфтаи Путин, агар Русия ба роҳи парокандагӣ биравад, пас сарнавишти мардумони ин кишвар метавонад “ба таври куллӣ тағйир ёбад”.
Дар ин ҷо пеш аз хама, сухан дар бораи халки рус меравад. Ҳамин тариқ, "московиҳо, уралиҳо ва дигарон" пайдо шуда метавонанд, шарҳ дод президенти Русия.
Барои пешгирй кардани чунин ходиса дар Федерацияи Россия "иттиҳоди мардум"-ро нигох доштан муҳим аст, қайд кард президент.
"Ин танҳо сухан нест, мо инро ҳама хуб медонем: вақте ки мардуми Русия муттаҳид, якҷо аст, мо баробар дар сатҳи худ надорем ва ин шарти асосии ҳамаи комёбиҳо ва зама ғалабаҳои мост",- гуфт кишвардори Русия.