ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина бидуни пуштибонии НАТО пароканда мешаванд, мегӯяд мушовири пешини Пентагон полковник Дуглас МакГрегор.
Ӯ ин нуктаро зимни мусоҳибааш дар телевизиони Fox News бо Такер Карлсон изҳор дошт.
"Бе низомиёни НАТО барои таъмини воҳидҳо ва иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Украина пароканда мешаванд",- гуфт Макгрегор.
Ба гуфтаи вай, режими Киев бо нарасидани кадрҳои низомӣ рӯбарӯ аст ва аз ин рӯ маҷбур аст, ки "дар сафи артиши худ аз писарон, пиронсолон ва занон истифода кунад".
Дар навбати худ, тавре ки МакГрегор қайд кард, Русия "дар сӣ соли охир тавонист тавонист тавонотарин ва бузургтарин нерӯи низомиро бунёд кунад".
Вай муътақид аст, Олмон, ки аз ҷонибдорони зарурати сармоягузорӣ дар муноқишаи Украина аст, ба манобеъ ниёз дорад ва аз ин рӯ, агар он тӯлонӣ идома ёбад, дар НАТО намемонад.
Ба ин мисол Туркия низ шомил шуда метавонад, ки бо тағйири вазъ роҳи наздикӣ бо Русия ва ҷаҳони Осиёро меҷӯяд.
Кишварҳои ғарбӣ пайваста дар бораи он сӯҳбат мекунанд, ки Украина бояд Русияро дар майдони набард мағлуб кунад ва таъмини силоҳу техникаи низомиро афзоиш диҳад.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки кумакҳои низомӣ барои мақомоти Киев фоидае надорад ва танҳо муноқишаро тамдид мекунад ва интиқоли силоҳ ҳадафи қонунии артиши Русия мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 президенти Русия Владимир Путин аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украина хабар дод.
Раҳбари Русия ҳадафи амалиёти вижаро ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина, инчунин ҳифзи аҳолии осоишта аз таҳқир ва наслкушӣ номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз ҷониби режими Киев зери он қарор гирифта буданд.