ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои олӣ бештар ихтисосҳои марбут ба гидроэнергетикаро интихоб мекунанд.
Дар бораи вуруди довталабон ба филиали Душанбегии Донишкадаи энергетикии Маскав расонаҳои хабарии "Мир 24" иттилоъ медиҳанд.
Ба гузориши манбаъ, донишҷӯёнро имкони гузаронидани таҷрибаҳо дар таҷҳизоти навтарин ва кор дар роҳи ҷорӣ кардани манобеъи алтернативии энергия ҷалб мекунад.
"Донишҷӯёни мо талабот доранд. Тақрибан 50% хатмкардагони мо дар Нерӯгоҳҳои барқи обии "Норак", нерӯгоҳи "Роғун", нерӯгоҳҳои ҳароратӣ, ҳамчунин дар "Барқи тоҷик" кор мекунанд ва дар донишгоҳ низ барои тадрис мемонанд", - гуфт Акрам Дадаҷонов, муовини аввали директори донишгоҳ.
Дар назар аст, ки оянда дар назди донишгоҳ як муассисаи махсуси таълимӣ барои омодасозии пеш аз донишгоҳ аз рӯи ихтисоси гидроэнергетикӣ кушода шавад.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода вазифа гузошта буд, ки НБО "Роғун" бо коргар таъмин карда шавад.
Ба гуфтаи вазорат, корхона ҳудуди 8 ҳазор мутахассис ниёз дорад.