Тағйироти кадрӣ дар бахши низомии Тоҷикистон ва тақдими рутбаҳо: Фармондеҳони нав кистанд?

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳию истихбороти Гвардияи миллӣ тағйироти кадрӣ амалӣ карда, ба бархе аз афсарони ин ниҳод рутбаҳои навбатӣ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Нозанинзода Асадулло Бодом рутбаи полковники гвардия дод. Асадулло Нозанинзода дар Гвардияи миллии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи оперативӣ мебошад.
Бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ахиран имзо гардид, инчунин Раҳимзода Нозиршоҳ Қурбон, сардори шуъбаи хадамоти комендантии Гвардияи миллӣ, рубтаи полковники гвардия гирифтааст.
Дар баробари тақдими рутбаҳо, президент дар Гвардияи милӣ ахиран бархе тағйироти кадрӣ амалӣ карда, полковник Ҳасан Сатторовро аз мақоми сардори раёсати истихбороти Гвардияи миллӣ барканор намуда, ба ҷои ӯ Абдувалӣ Муродзодаро таъйин намуд.
Полковник Ризвон Шамсуддинзода аз мақоми фармондеҳи бригадаи якуми махсуси вокуниши фаврӣ бознишаста шуда, ҷояшро полковник Файзулло Набизода гирифт.
Президент гуфт, ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорад
Полковник Мирзосафар Шамолзода низ бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифаи фармондеҳи отряди таъйиноти махсуси Гвардияи миллӣ озод гардида, ба ин вазифа Ҷурахон Бобохонзода таъйин шуд.
Гвардияи миллии Тоҷикиистон, воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махус мебошад, ки бевосита ба раисҷумҳур тобеъ буда, анҷоми вазифаҳои махсусан муҳими давлатиро ба уҳда дорад.
Ин ниҳод моҳи январи соли 1995 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар аввал Гвардияи президентӣ ном дошт.
Таъкид мешавад, ки афсарону сарбозони гвардия солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар кормандони сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботу барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳм гузоштаанд.
Моҳи январи соли 2004 баъди тағйироти сохторӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон воҳиди мазкур ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.