ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Донистани забони русӣ барои хизматчиёни давлатии Тоҷикистон зарур аст, таъкид шуд зимни як ҳамоиш дар Душанбе.
Ба иттилои "Россотрудничество", зарурати донистани забони русӣ барои кормадони давлатӣ зимни як конфронс, ки ба масъалаи забоншиносӣ бахшида шуда буд, зикр гардид.
Дар рафти вохурӣ муаллимони мактабҳои олии мамлакат усулу лоиҳаҳоеро, ки ба вусъати омӯзиши забони русӣ нигаронида шудаанд, пешниҳод карданд, омадааст дар иттилоия.
Дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд дода шуда, ахиран Вазорати маориф ва илми кишва муҳассилини мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олиро барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифадор кардааст.
Аз ҷумла, хонандагони мактабҳо, донишҷӯён ва омӯзгорон муваззаф шуданд, ки 400 калимаҳои русӣ ва англисиро аз худ кунанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран гуфт, баъди 10 сол ҳукумату парлумон ва дигар ниҳодҳои идории давлатӣ аз кадрҳое иборат хоҳанд буд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро медонанд.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки масъалаи таъйини кадрҳои забондон ба мақомҳои роҳбарии давлатӣ омӯхта шавад. Президент барои таъмини кадрҳои баландихтисос роҳандозии ислоҳот дар низоми таълимро муҳим хонд.