ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Қарор аст ҳайати иқтисодии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии саноъати санг дар шаҳри Шерози Эрон ширкат кунад, гуфт дар ин бора ба радиои Садои Хуросон муовини раиси Палатаи тиҷорату саноъати вилояти Суғд Ғайрат Қобилзода.
Вай хабар додааст, ки ҳайати Тоҷикистон дидору гуфтугӯҳое бо фаъолони бахшҳои давлатӣ ва хусусии эронӣ дар ҷиҳати рушди устувори равобити дуҷониба хоҳанд дошт.
Ғайрат Қобилзода гуфт, ҳамчунин боздид аз бархе корхонаҳову марокизи тавлидӣ низ тайи ин сафар дар назар аст.
Муовини раиси Палатаи тиҷорату саноъати вилояти Суғд ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон, ки 93 дар сади хоки онро кӯҳистон ташкил медиҳад аз конҳои гуногуне бархурдор аст, ки баҳрабардорӣ аз ин манобеи табиъиӣ ниёз ба ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дорад ва дар ин росто мо аз дӯстони эронӣ даъват ба ҳамкорӣ мекунем.
Бо густариш беш аз пеши равобити ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистону Эрон тамомии заминаҳо барои фаъолияти сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкории муштараки иқтисодии тарафҳо фароҳам аст.
Ба гуфтаи муовини раиси Палатаи тиҷорату саноъати вилояти Суғди Тоҷикистон дар бахшҳои дигар аз ҷумла кишоварзӣ, гардишгарӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва ғайра низ метавонем ҳамкории судманде бо фаъолони иқтисодии Эрон дошта бошем.