Боздошти муовини раиси ноҳияи Восеъ: Шарҳи додситон

Муовини раиси ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ки масъули сохтмон ва тақсими замин будаст, аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ахиран Алихон Худоёрзода, муовини раиси ноҳияи Восеъ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардидааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Манбаъ сабаби дастгир шудани муовини раиси ноҳияро ба расона шарҳ надодааст.
Дар ҳамин ҳол, додситонии ноҳияи Восеъ ба расонаҳо хабар додааст, ки нисбати Алихон Худоёрзода ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ (банди 316-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта як мансабдори давлатӣ дар шаҳри Кӯлобро Оҷонсии зидди фасод барои сӯистифода аз мансаб дастгир карда буд
Дастгиршуда директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб” будааст.
Ду мансабдори баландмақоми шаҳри Истаравшан барои заминфурӯшӣ боздошт шудаанд
Гуфта мешавад ӯ дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст.
Ба иттилои манбаъ мавсуф аз барои барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима 513,3 ҳазор сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифтаву пурра сарф накардааст.
Ӯ бо истифодаи ваколати мансабиаш бо мақсади ба даст овардани фоида аз маблағи зикршуда танҳо 329,3 ҳазор сомонияшро хароҷот карда, боқимонда маблағи 184 ҳазор сомонияшро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст,
Нисбати ин мақомдор низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.