ВМКБ -ро боз заминҷунбии шадид ларзонд

Ҷунбиши замин дар ҳудуди кӯли Сарез аз субҳи барвақти 23 феврал идома дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, ин маконро се маротиба заминҷунбӣ ларзонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар ВМКБ аз субҳи барвақт то нисфирӯзи 23 феврал дасти кам се маротиба заминҷунбии қавӣ рух дод.
Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки заминҷунбӣ соати 13:00 дақиқа ба шиддати 5 балл ба вуқӯъ пайваст.
КҲФ маркази заминҷунбиро кӯли Сарез ва шиддаташро 5 балл арзёбӣ кард
Заминҷунбии навро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода феълан тасдиқ накардааст, вале қаблан хабар дод, ки соати 05:37 ва 05:55 дақиқаи рӯзи 23 феврал дар Тоҷикистон, аниқтараш дар ВМКБ замин ҷунбид.
Манбаъ афзуд, шиддати заминҷунбии аввал 5 ва дуввуми 4 балро ташкил дод.
"Маркази заминларза 400 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 65 километр шарқ аз ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди кӯли Сарез ба вуқӯъ пайваст", - омадааст дар хабари КҲФ.
Ба таъкиди КҲФ, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай надошт.