ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон зимни суханронии худ ба муносиабти таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар изҳор дошт, ки ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорад.
Ӯ қайд намуд, ки аз ин рӯ талош дорад, то барои онҳо тамоми шароити созгорро омода созад.
Зимнан, президент чунин муносибат нисбати сарбозонро аз роҳбарону афсарон низ талаб кард.
“Роҳбарону афсарон бояд ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд”, - таъкид намуд роҳбари давлат.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ таъкид намуда, қайд кард, ки солҳои охир дар ВМКБ ва чанд минтақаи дигар давоми ҳамагӣ ду-се рӯз нақшаи даъват ба пуррагӣ иҷро мегардад.
Президент ҳамчунин аз ҷонисориҳоии ҳазорҳо сарбоз дар роҳи таъмини сулҳу субот дар кишвар таъкид намуда, гуфт дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мубориза бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Ӯ қайд намд, ки давлату Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.