ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон, аниқтараш дар ВМКБ аз субҳи барвақти рӯзи 23 феврал то нисфирӯзӣ дасти кам ҳашт маротиба замин бо шиддати қавӣ ларзид.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ларзиши замин асосан дар наздикиҳои кӯли Сарез, вале дуртар аз макони аҳолинишин сар зад ва ба ин хотир ин офатҳои табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надоштанд.
Зимнан ин ниҳод дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон як видеоро гузошт, ки дар он корманди постгоҳи назоратии КҲФ вазъи кғли Сарезро шарҳ дода, қайд намуд, ки дар ҳудуди кӯл ягон тағйирот ва ё ҷунбиш сурат нигирифт.
"Дар кӯли Сарез вазъият тинҷ, ором. Фақат чангу ғубор. Таҷҳизотҳои ҳамааш ба мисли пештара кор мекунанд", - таъкид намуд, корманди постгоҳ.
Манбаъ афзуд, ки заминларзаи аввал соати 5:37 дақиқа рух дод ва пасларзаҳои дигар чанд дақиқаву соат пас пайи ҳам ба вуқӯъ омаданд ва шиддати онҳо аз 4.6 то 6.8 балро ташкил дод.