ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бунёди Шоҳ Салмон, мутааллиқ ба Арабистони Саудӣ ба сокинони ВМКБ, ки аз тармафароӣ дар Хоруғ осеб дидаанд, кумаки моддӣ мерасонад.
Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, чунин тавофуқ дар ҷараёни музокироти раҳбарияти ин вазорат бо ёвари муовини вазири корҳои хориҷа дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ Муҳаммад ибни Абдулҳадӣ Ал-Матрафӣ ҳосил шудааст.
Сухан дар бораи 1,5 миллион доллар меравад, ки он ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ равона карда мешавад. Маблағро бояд 12 ҳазор оилаи ниёзманд бигирад.
Кумак аз ҷониби КҲФ дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳру ноҳияҳо дар давоми 6 моҳ тақсим карда мешавад.
Тибқи маълумоти КҲФ аз 15 то 19 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ 200 тарма, 7 ярч ва 6 ҳолати резиши санг ба қайд гирифта шудааст.
Бар асари офати табиӣ 19 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, ки аксари қурбониёнро сокинони ВМКБ ташкил доданд. Зимнан, манзилу иншоотҳои зиёд хароб гардиданд, ки дар натиҷа сокинони зиёд бе хонаву дар монданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки пардохти кумакҳои изтирории раисиҷумҳур ба хонаводаҳои осебдидаи тарма дар Хоруғ шурӯъ шуд.