ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден бояд ба президенти Украина Владимир Зеленский фишор оварад, то бо Русия созиши сулҳро баррасӣ кунад. Дар ин бора Тед Гален Карпентер рӯзноманигори амрикоӣ дар мақолае барои 19FortyFive хабар додааст.
"Ба ҷои идома додани дастгирии бемаҳдуд ба Украина, вай бояд ба ҳукумати Зеленский фишор оварад. Чунин созиш бешубҳа аз Украина талаб мекунад, ки аз орзуҳои узвият дар НАТО даст кашад ва эътироф кунад, ки Қрим ҳоло як ҷузъи Русия аст".
Дар матлаб қайд карда мешавад, ки дастгирии бепарвоёна аз Киев аз ҷониби Вашингтон ва Лондон боиси хунрезӣ ва харобиҳо гардид.
"Шубҳае нест, ки ҳарду ҳукумат аз бетарафии Украинаи хеле норозӣ буданд ва онҳо бо ваъдаи кумакҳои бузурги низомӣ Киевро ба таслим нашудан талқин карданд", - навиштааст рӯзноманигор.
Ба ақидаи Карпентер, алтернативаҳои эҳтимолии чунин як созишномаи сулҳ ба таври номақлуб ғалабаи ниҳоии Русия пас аз чанд соли муноқиша ё оташбас аст.
Кишварҳои ғарбӣ пайваста дар бораи он ҳарф мезананд, ки Украина бояд Русияро дар майдони набард мағлуб кунад ва интиқоли силоҳ ва техникаи низомиро афзоиш диҳад.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки кумаки низомии Ғарб барои Украина фоидае надорад ва танҳо муноқишаро тӯл мекашад ва ҳамлу нақл бо силоҳ ҳадафи қонунии артиши Русия мешавад.