Шерализода бо сафирон ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳоро баррасӣ кард

Муовини вазири хориҷа бо сафирон мушкилиҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Ахиран таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода нишасти кории маҷозии муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои сафорат зимни ин ҷаласаи маҷозӣ, ҷонибҳо доир ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, саноат, сайёҳӣ ва энергетикаи шаҳр дар соли 2022, дастовардҳо ва имконияту мушкилиҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак ибрози ақида намуданд.
“Иштирокдорон ба мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои ҳукумати Тоҷикистон ва татбиқи бомароми ҳадафи чоруми стратегӣ дар бораи саноатикунонии босуръати кишвар, бадин васила ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Душанбе дар давоми солҳои рушди саноат 2022-2026, зарурати гирифтани иқдомҳои навбатии муштаракро дар соли 2023 махсусан таъкид карданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Баҳои Раҳмон ба кори вазорати саноат ва дастур ба Шералӣ Кабир
Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири саноат ва технологияҳои нав Шерали Кабир гуфт, ки бори аввал соҳаи саноати Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар кишвар ба 43 миллиард сомонӣ расонд.
Ба гуфтаи вай дар ин давра рушди соҳаи саноат 120 дарсад таъмин гардидааст.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 43 миллиард сомониро ташкил дод, ки рушди он ба 115,4 дарсад баробар ва нисбат ба соли 2021-5,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар соли гузашта дар кишвар 505 корхонаву коргоҳи нави бунёд гардидааст.
Вай афзуд, дар соли гузашта дар ин корхонаҳои навбунёд тақрибан шаш ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд.