ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия роҷеъ ба садамаи нақлиётӣ дар як шоҳрои шаҳри Сирзани вилояти Самараи Русия шарҳ додааст.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин садама як нафар шаҳрванди Тоҷикистон даргузаштааст.
“Шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи 21 феврали соли равон дар шоҳроҳи шаҳри Сирзани вилояти Самараи Русия, бар асари садамаи нақлиётӣ даргузашт. Ҳамдардии хешро ба наздикони фавтида изҳор менамояд”, - хабар додааст сафорат.
Инчунин намояндагии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия зикр кардааст, ки бар асари ин ҳодисаи нохуш 4 нафар зодагони дигари Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия ва ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара ба наздикону пайвандони марҳум ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ расонида истодаанд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад.