Дарвозро заминҷунбӣ такон дод

Субҳи 22 феврал дар минтақаи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд, хабар дод мақомоти ҳолатҳои изтирории минтақа
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар шарқи Тоҷикистон заминларзаи нав рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон.
Ба гуфтаи зилзилашиносон, заминҷунбӣ рӯзи 22 феврал соати 07:24 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст. Шиддати заминҷунбӣ ба 3.7 балл баробар буд.
Координатҳои аниқи заминҷунбӣ: 38,5 градуси арзи шимолӣ ва 71,1 градуси тӯли шарқӣ. Тибқи ин координатҳо макони заминҷунбӣ ноҳияи Дарвози ВМКБ мебошад. Манбаи заминларза дар умқи 80 километр ҷоқеъ будааст.
Заминҷунбӣ дар Афғонистон Тоҷикистонро низ ларзонд
Феълан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоди Тоҷикистон сар задани заминҷунбиро тавзеҳ надод ва маълум нест, ки ин офати табиӣ ба сокинони ноҳияи Давроз чӣ хисорот ворид кардааст.
Бояд гуфт, ин дуввумин ҳодисаи ларзиши замин дар ВМКБ давоми чанд рӯзи ахир мебошад.
Қаблан, рӯзи 20 феврал дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар 288-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 17-километрии ҷанубу шарқи Хоруғ воқеъ буда, шиддати заминларза 3 балл буд.