ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар майдони ҷанг Русияро мағлуб кардан ғайриимкон аст, аз ин рӯ алайҳи кишвар ҳамлаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ шудаанд.
Ин нуктаро президенти Русия, Владимир Путин зимни ироаи паём ба Маҷлиси федералӣ баён дошт.
“Мо бо мардуми Украина дар ҷанг нестем. Худи онҳо гаравгони режими ин кишвар ва аврупоиён шудаанд. Касе дар бораи одамон фикр намекард, гӯё барои куштор тайёр шуда буданд", - гуфт Путин.
Вай ҳушдор ҳар қадаре аслиҳаи зарбазан ба фосилаи дуртар ба Украина интиқол дода шавад, ҳамон қадар ин аслиҳа аз марзҳо дуртар карда хоҳанд шуд.
Ӯ афзуд, ки ҳамчунин хостанд тариқи таҳримҳои иқтисодӣ мардумро ба азоб дучор кунанду кишварро аз дохил хароб созанд, аммо ноил нашуданд.
ММД ҳамагӣ дар соли гузашта 2,1% коҳиш ёфт, дар ҳоле, ки пешгӯӣ мекарданд, ки иқтисоди Русия суқут хоҳад кард, изҳор дошт вай.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин ба дастгирии иштирокдорони амалиёти вижа дар Украина таваҷҷуҳ карда, изҳор дошт, ки ба ҳар иштирокчӣ корманди махсуси иҷтимоӣ вобаста карда шавад.
Путин пешниҳод кард, ки барои дастгирии иштирокчиён ва собиқадорони амалиёти вижа, оилаҳои сарбозони ҳалокшуда фонди махсус таъсис дода шавад.