ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Саҳми рубл дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷорати хориҷии Русия дар як соли ахир ду баробар афзоиш ёфт.
Ин нуктаро президенти Русия, Владимир Путин дар паёмаш ба Маҷлиси федералӣ баён дошта, таъкид намуд, ки сеяки тиҷорати хориҷӣ бо рубл сурат мегирифтааст.
Ӯ тавзеҳ дод, ки назардошти асъори кишварҳои дӯст - беш аз нисфи тиҷорати хориҷӣ бо пулҳои миллӣ амалӣ гардид, гуфт Путин.
"Ҳиссаи рубли русӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалии мо дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2021 ду баробар афзоиш ёфта, сеякро ташкил дод. Ва дар якҷоягӣ бо асъори кишварҳои дӯст, ин аллакай аз нисфи зиёд аст", - гуфт ӯ.
Путин зимни суханронии худ ба Маҷлиси федеролӣ гуфт, ин Русия нест, ки ҳисоббаробаркуниро бо доллар кам мекунад, балки Ғарб ҳама корро бо дасти худ анҷом дода истодааст.
"Мо якҷоя бо шарикон дар ташкили системаи устувор ва бехатари ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, новобаста аз доллар ва дигар асъорҳои захиравии Ғарб, ки аҳамияти умумибашарии худро аз даст медиҳанд, идома медиҳем", - гуфт ӯ.
Қаблан Путин таъкид намуда буд, ки додугирифт бо истифода аз пулҳои миллӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳеч ангезаи сиёсӣ надошта, ҳамгироиро такон мебахшад.