Муҳоҷирони меҳнатӣ бештар кадом минтақаҳои Русияро интихоб мекунанд?

Коршиносон муайян карданд, ки кадом минтақаҳо ва шаҳрҳои Русия дар байни хориҷиёне, ки бо нияти фаъолияти меҳнатӣ вориди кишвар шудаанд, нисбатан маъруфанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Минтақаи Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дар миёни минтақаҳое, ки муҳоҷирони кории бештарро ҷалб мекунанд, пешсаф шудаанд.
Дар ин бора хадамоти таҳлилии шабакаи аудит ва консалтингии Finexpertiza бо такя ба маълумоти расмӣ иттилоъ додаст.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ 11,8 млн нафар коргарони хориҷӣ, бо шумули тамдиди сабти ном ва аз нав бақайдгирӣ дар сабти муҳоҷиратӣ қарор гирифтаанд.
Таъкид шудаст, ки беш аз 40% бақайдгирӣ ба шаҳру вилояти Маскав рост меояд, ки дар ин ҷо дар давоми сол 4,8 млн ҳолати сабти муҳоҷиратӣ ҷой доштаст.
Тоҷикистон ба ифтитоҳи намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Русия омодагӣ мегирад
Инчунин наздики 13%-и ҳолатҳои сабти муҳоҷирон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ё 1,5 млн ҳолат сабт ба қайд гирифта шудаанд.
Дар феҳрасти минтақаҳои нисбатан пешсаф аз рӯи ҳолатҳои сабти муҳоҷиратӣ аз ҷумла ворид шудаанд:
Минтақаи Краснодар - 2,7% ё 319 ҳазор сабти муҳоҷиратӣ,
Вилояти Иркутск — 2,3% ё худ 275 ҳазор ҳолат,
Вилояти Свердловск — 2,2% ё худ 264 ҳазор нафар
Вилояти Амур - 1,8% ё мутаносибан 216 ҳазор
Минтақаи Приморский - 211 ҳазор нафар,
Тотористон - 1,6% ё 192 ҳазор,
Минтақаи Красноярск -1,5% ё 180 ҳазор нафар
Тақрибан сеяки ҳамаи ҳолатҳои сабти номи муҳоҷирони корӣ дар байни манотиқи дигари Русия тақсим шудааст.
Шумори нисбатан ками сабти муҳоҷиратӣ дар ҳавзаи мухтори Ненетс, Қалмиқистон, Марий Эл, Тува, Чеченистон, Вилояти Мухтори Яҳудиён, Чувашистон, Хакасия, Чукотка ва Осетияи Шимолӣ ҷой дорад.
Боздошти таксистҳои муҳоҷир дар Владивосток: сабаб
Ҳиссаи умумии ин минтақаҳо дар шумораи умумии бақайдгирӣ ҳамагӣ 0,5%-ро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, дар соли гузашта 13 млн шаҳрванди хориҷӣ марзи Русияро убур кардаанд, ки аз ин шумора наздики 3,5 млн нафар ё наздик ба 27% ҳадафи сафарро фаъолияти меҳнатӣ қайд кардаанд.