ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Дар як ҳамоиш дар парлумони Тоҷикистон бахшида ба татбиқи муқаррароти Кодекси андоз, аз бахши хусусии кишвар, соҳоибкори инфиродӣ Файзалӣ Ҳоҷиев намояндагӣ кардааст.
Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", Ҳоҷиев барои ба рушди бештар ноил шудани корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ҳамчун намуна соҳаи истеҳсоли равғани растаниро мисол овард.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле, ки воридоти ҳама намуд хӯроки чорво ва мурғ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд, воридоти донагиҳои равғандор, ки барои итеҳсоли аввалиндараҷаи равған ва кунҷора истифода бурда мешаванд, бо пардохти пурраи боҷу андоз сурат мегирад.
Ин ба иддаои Ҳоҷиев барои пешрафти корхонаҳои саноатие, ки ба истеҳсоли равғани растанӣ дар ҷумҳурӣ машғул мебошанд, мушкилӣ пеш оварда, шумораи онҳоро хело кам гардонидааст.
Ин дар ҳолест, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба равған ҳудуди 120 ҳазор тонна арзёбӣ мегардад, аз ҳисоби коркарди пахтаи кишвар метавон ҳудуди 30% талаботро қонеъ кард. Зарур дониста мешавад, ки барои таъминоти пурра донагиҳои равғандор аз хориҷ ворид гарданд.
Ахиран раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон масъулинро муваззаф кард, ки дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд.
Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22% таъмин гардида истодааст, гуфт ӯ.
Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70% таъмин мегардад, изҳор дошт президенти Тоҷикистон.