ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Артиши Русия як истгоҳи радарии муборизаи радиолокатсионии AN/TPQ-ро бо ҳайати интиқолдиҳандаи он нобуд кардааст.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли манобеи худ иттилоъ дода, афзуд, ки амалиёти нобудсозии дастгоҳи радарӣ дар наздикии шаҳри Херсон амалӣ гардидааст.
Манбаъ таъкид намуд, ки дастгоҳи радиолокатсионӣ истеҳсоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки ҳадафи оташи тӯпхонаҳои артиши Русия қарор гирифтааст.
"Бар асари оташи тӯпхона дар маҳаллаи шаҳраки Даревка як радари АН/TPQ 36 ва мошини интиқолдиҳандаи он нобуд гардид", - омадааст дар матлаб.
Инчунин илова шудааст, ки бар асари зарба 4 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина кушта, як нафар захмӣ шуд.
Инчунин шаби 18 ба 19 феврал дар Херсон, дар наздикии минтақаи Камишанӣ нерӯҳои Русия гаубитсаи "Мста-Б"-ро бо лавозимоти чангй нобуд кардаанд, ки дар натиҷа 6 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина кушта ва 2 нафар захмӣ шуданд.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.