Ошкори 445 ҷинояти коррупсионӣ дар Суғд: Мақомот гуфт дар кадом шаҳру ноҳияҳо бештар

Давоми як соли охир бештар аз ҳама кормандони мақомоти давлатӣ ва зерсохторҳои вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва кумитаи заминсозӣ ба ришваситонӣ даст задаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Дар ин бора мақомоти Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд.
Шараф Аваззода, сардори Идораи мубориза бо коррупсия омори содиршавии ҷиноятҳоро шарҳ дод.
Бино ба иттилоъи ӯ, давоми соли 2022 аз ҷониби ниҳоди онҳо 455 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шудааст.
“Таҳлили фаъолияти хизматии шахсони ба ҷавобгари кашидашуда нишон дод, ки онҳо ба намояндагони сохторҳои чунин вазорату идораҳо мансубанд: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 45 ҷиноят, соҳаи маориф 40 ҷиноят, соҳаи тандурустӣ 64 ҷиноят, зерсохторҳои Кумитаи идораи замин 22 ҷиноят ва бонкҳо 46 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст” – гуфт, Аваззода.
Шоҳиён дар бораи судяҳои "порахӯр"-е, ки президент барканорашон кард
Масъулони Идораи мубориза бо коррупсия дар Суғд гуфтанд, ки тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 91 ҷиноят, Бобоҷон Ғафуров 51, Ашт 40, Исфара 39, Ҷаббор Расулов 33, Конибодом 30 ва дар шаҳри Бӯстон 26 ҷиноят сабт гардидааст.
Дар пайи ошкоршавии чунин мавридҳо маблағи умуми зарари расонидашуда 13, 1 милион сомонӣ ҳисоб шуда 9, 4 миллион сомонии он рӯёнида шудааст. Гуфта мешавад 5, 7 милион сомонии ин маблағҳо зарар ба давлат арзёбӣ шуда аз ин ҳисоб 4, 8 сомонӣ ё 84 % и он барқарор карда шудааст.