ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба унвони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз номи раисҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов номаи тасаллӣ ворид гардидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки Ҷабборов аз хабари ҳалок шудан одамон дар ВМКБ изҳори андуҳ кардааст.
"Хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 феврали соли 2023 ба амал омад, боиси андуҳи ин ҷониб гардид", - омадааст дар паём.
Ҷабборов аз номи худ ва тамоми мардуми Қирғизистон аз президенти Тоҷикистон хостааст, ба аҳли оила ва наздикони ҳалокшудагон таъзия ва ҳамдардияшонро расонад.
"Барои ҳамаи осебдидагон аз даргоҳи Худованд шифои оҷил хоҳонам", - афзудаст ӯ.
Бино ба иттилои охирини КҲФ, шумораи қурбониёни тарма дар рӯзҳои охир дар Тоҷикстон ба 17 нафар расид, ки 16 нафарашон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рост меояд.
Ин ниҳод афзуд, ки аз ҷумла 13 нафар дар шаҳри Хоруғ ,2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.
Дар қаламрави ноҳияи Ишкошим 2 духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Феълан дар бисёре аз қисматҳои ВМКБ роҳ баста буда, барқу алоқаи мобилӣ қисман қатъ гардидааст.