Дар Тоҷикистон алайҳи тиҷорати ғайриқонунии интернетӣ мубориза мебарад

Кумитаи андоз бо ишора ба афзоиши тиҷорати эллектрони дар Тоҷикистон мегӯяд, талош дорад, бо рои назорату фаҳсондадиҳӣ ҳамами онро расман сабти ном кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Давоми соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 170 нафар ошкор шуданд, ки ба тиҷорати электронӣ машғуланд, вале дар қайди мақомоти андоз қарор надоранд.
Дар ин бора намояндагони Кумитаи андоз дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар додаанд.
Ин афрод бо роҳҳои назорат ва фаҳмондадиҳӣ ҳамакнун расман сабти ном шудаанд, афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи корҳои назоратӣ 20 млн сомонӣ аз фаъолияти соҳибкорони ғайриқонунӣ ба буҷаи кишвар пардохт карда шуд.
Андози роҳ барои воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон 6 дарсад баланд шудааст
Манбаъ қайд намуд, ки ҷамъан дар Тоҷикистон 1145 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки тиҷорати электронӣ пеш мебаранд.
Кумита мегӯяд, чунин шакли соҳибкорӣ дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза рушд карда, танҳо соли 2022 беш аз 170-то сабт шудааст, ки нисфи он аллакай андози худро супоридаанд.
Қобили зикр аст, ки тамоми ширкатҳои дохилию хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон хидматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд, муваззафанд пардохт кунанд.
Тағйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси андози ҷумҳурӣ аз аввали соли 2021 мавриди амал қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, аз 1 январи соли 2022 меъёри андоз аз арзиши иловашуда 15% шуд, ки ин нишондиҳанда қаблаг 18% буд.