Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон тангаҳои тило ба фурӯш гузошта мешаванд

Дӯстдорони тангашиносӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон метавонанд коллексияҳои бахшида ба рӯйдодҳо ва санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихи ҷумҳуриро харидорӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то Наврӯз сиккаҳои тиллои коллексивиро ба фурӯш гузорад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи тангаҳои вазнашон 5, 10, 20, 50 ва 100 граммb меравад, аммо онҳо кофӣ нестанд.
Ҳоло дар анборҳо ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, 20-умин солгарди таъсиси СҲШ, ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обии Роғун, 10-умин ва 20-умин солгарди Конститутсия, инчунин ба хотираи шахсиятҳои барҷаста – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмон Ҷомӣ ва дигарон тангаҳои хотиравии тайёри тилло ва нуқра мавҷуданд.
Бонки миллӣ гуфт чиқадар захираи тиллою арзӣ дорад
"Сиккаҳое, ки вазни умумияшон 500 килоро ташкил медиҳад, қабл аз Наврӯз аз ҷониби як созмони швейтсарӣ истеҳсол мешавад. Дар фурӯши онҳо маҳдудият вуҷуд надорад ва нархи он дар рӯзи фурӯш муайян мешавад", - афзуд ӯ.
Холиқзода афзуд, ки арзиши тангаҳо ба қимати тилло бастагӣ дорад. Ҳар кас метавонад онҳоро харидорӣ кунад, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ гирифта то сайёҳон.
Бонки миллӣ ваъда медиҳад, ки дар оянда тартиби фурӯшро тағйир дода, тангаҳои коллексионӣ дастрастар мегардад.