ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Соли 2022 барои риоя накардани Қонуни кишвар “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” 770 парванда баррасӣ гардида, нисбат ба 760 нафар қонунвайронкунандагон ҷазо дар намуди пардохти ҷарима татбиқ карда шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти мабуотӣ дар Суди Олии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки соли сипаригардида аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 135 ҳазору 985 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро баррасӣ карда шуданд.
Қайд карда шуд, ки дар баробари баррасии саривақтии парвандаҳо, судяҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд, ҷиҳати ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ин ҳолатҳо ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, таъйиноти хусусӣ қабул намуда, онро барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ба мақомоти дархлдор ирсол намоянд.
Бо ин мақсад дар соли сипаригардида дар маҷмӯъ судҳо 24 ҳазору 631 таъйиноти хусусӣ бароварданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 1858 адад зиёд мебошад.