Аз гузориши Ятимов то дастури Раҳмон барои омодабошиву навсозии артиши Тоҷикистон

Масъалаи вазъи муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва чораҳои тақвият бахшидан ба таъмини амнияти давлат аз мавзуоти килидии ҷаласаи Шӯрои амният будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар душанбе ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти кишвар бо раҳбарии раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир гашта, ки дар он амнияту суботи Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Ҷаласа, ки бо ҳузуру мақомоти амниятиву қурдратии кишвар доир шуд, раҳбари КДАМ Тоҷикистон Ятимов Саймуъмин доир ба вазъи воқеии таъмини амният ва суботу оромӣ дар кишвар ҳисобот додааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо ҳолати ҳассоси кунунӣ гуфтааст, ки вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд.
Ҳамеша омодаем: Раҳимзода дар бораи хатари ҳамла ба Тоҷикистон
Дар робита ба ин ӯ, сохтору мақомоти дахлдорро вазифадааст, ки корро ҷиҳати иҷрои талаботи "Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025" ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.
Дар робита ба масъалаи маблағгузории терроризм ва пешгириву ошкор намудани чунин амали хатарнок, Бонки миллӣ муваззаф шудааст, ки назоратро дар фаъолияти бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, хусусӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳангоми пешбурди амалиётҳои бонкӣ пурзӯр намояд.
Ҳамчунин президент барои мубориза бо ҷинояткорӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷузъу томҳои низомӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизмат барои хизматчиён ва ғайра дастуроти мушаххас додааст.
Раисҷумҳур ба роҳбарони сохторҳои низомӣ супориш доданд, ки навсозии техникии артишро тезонида, 70 иншооти инфрасохтори сарҳадӣ, аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадиро, ки бунёд шуда истодаанд, бо тамоми таҷҳизоту шароити зарурӣ соли ҷорӣ ба истифода супоранд.