Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон: Сабабаш чист?

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон дар соли гузашта нисбат ба сабти ақди никоҳ бекоркардани ақди никоҳ дар додгоҳҳои кишвар бештар ба қайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар соли 2022 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 876 оила расман ақди никоҳи худро бекор карданд, ки нисбат ба соли 2021 (13 ҳазору 714 ақди никоҳ расман бекор карда шуд) 162 ҳолати бекоркардани ақди никоҳ бештар аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён
Вай афзуд, таносуб ҳамин хел аст, ки бақайдгирии оилаҳо камтару бекоркунии ақди никоҳ бештар аст.
“Пеш аз ҳама ба ҷудошавии оилаҳо масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ сабаб мешавад”, - афзуд вазири тоҷик.
Вай илова кард, ки тарбияи ҷавонон барои барпо кардани оилаҳо, ҳанӯз ҳам кифоя нест.
“Яъне ҷавонони мо бе омодагӣ барои барпо кардани оила шуруъ мекунанд”, - таъкид кард Музаффар Ашӯриён.
Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун
Вай илова кард, ки қисмати зиёди бекоркунии ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти суди сурат мегирад. Агар шахсон фарзанд дошта бошанду дигару дигар ба воситаи суд ақди никоҳи онҳо бекор карда мешавад.
“Бештари сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ин ба ҳам наомадани хусусиятҳои ҳар як шахс, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра аст. Новобаста аз ин ҳо мо ҳамасола корҳоямонро барои ташвиқу тарғиб тақвият медиҳем, то ба ҷовонон оиладориро фаҳмонем”, - зикр кард вазири тоҷик.
Музаффар Ашӯриён, инчунин гуфт, ки мақомот роҳи дигар надорад, танҳо ба вуҷуд овардани як мафкураи солим барои барпо кардани оила мақсади асосии мост.