ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тоҷикистон ба маблағи қариб 5,2 млрд доллар мол ворид кардааст, ки аз соли пешӣ наздики 23% зиёдтар аст.
Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки содироти мол аз кишвар дар соли гузашта 30% афзоиш ёфта, ба зиёда аз 2,3 млрд доллар баробар гардидаст.
Таъкид шудааст, ки давоми сол ҷумҳурӣ бо 109 давлати ҷаҳон додугирифт доштааст. Наздики 52%-и савдо бо кишварҳои хориҷи наздик ва 48% бо давлатҳои хориҷи дур сурат гирифтааст.
Таркиби содироти Тоҷикистон беш аз 31%-ро маъдану консентратҳо ба маблағи наздик ба 731 млн доллар, алюминий 6% - қариби 140 млн доллар, нерӯи барқ қариби 5% - наздики 107 млн доллар, меваю сабзавот беш аз 2% - беш аз 51 млн доллар, семент қариби 2% - беш аз 44 млн долларро ташкил дод.
Дар қисмати воридот маҳсулоти нафтӣ ҳиссаи аз ҳама зиёдро доранд, ки зиёда аз 13%-и ҳаҷми умумии воридот ё наздики 682 млн долларро ташкил медиҳанд.
Инчунин беш аз 5%-и воридот ба Тоҷикистон ба гандум рост меояд, маблағи он дар соли гузашта муодили 329 млн доллар шудааст.
Гази моеъ ба маблағи 198 млн доллар ворид гардидааст, ки ҳиссаи он дар таркиби умумии воридот қариб 4%-ро ташкил додаанд.
Арзиши воситаҳои нақлиёти сабукрави воридгардида дар Тоҷикистон дар давоми соли гузашта ба 234 млн доллар баробар шудааст, ки ҳиссаашон дар ҳаҷми умумии воридот муодили 4,5% шудааст.
Бар асоси омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон сеяки воридот ба кишвар ё худ беш аз 30% ба Русия рост меояд.