Раҳимзода: 31 амали террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шуд

Вазири умури дохилии Тоҷикистон хостори таҳкими мубориза бо гароиши шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористию экстремистӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми соли гузашта 365 узви ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ боздошт гардидаанд.
Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла 24 ҳолати маблағгузории терроризм ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари ин аз 31 амали террористӣ пешгирӣ карда шуд, гуфт вазир.
Вай илова намуд, ки бисёре аз аъзои ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дар хориҷ дастгир гардида, ба Ватан баргардонда шуданд.
СПАД: Ҷангиёни афғонии ДОИШ* дар наздикии сарҳадоти Тоҷикистон мутамарказ шудаанд
"Дар баробари ин дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ 247 узви ташкилоти террористӣ ва иштирокчиёни ҷангиёни хориҷӣ ихтиёрӣ ба Ватан баргаштанд", - изҳор дошт Раҳимзода.
Дар маҷмуъ ба иттилои вазири умури дохилии Тоҷикистон аз соли 2015 то ҳол 1030 нафар дар пайи фаҳмондадиҳӣ ба Ватан баргардонда шуда, бо онҳо пайваста чораҳои профилактикӣ гузаронда мешавад.
Ба гуфтаи вазир, бештари ҷавонон аз беназоратии волидайн ва истифодаи шабакаҳои ифротӣ ба сафи ташкилотҳои террористию экстремистӣ мегараванд.
Вай аз расонаҳою ходимони дин даъват намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самтро таҳким бахшанд.