ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Маскав нақзи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби Киевро дар ҷараёни амалиёти вижа сабт дорад ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мунтазам дар бораи амалиёт маълумот мегирад, гуфт сухангӯи президент Дмитрий Песков.
"Тавассути алоқа бо низомиён, албатта сарфармондеҳ тамоми маълумотро пайваста, мунтазам ва дар режими онлайнӣ дарёфт мекунад", - гуфт сухангӯи Кохи Кремл.
Вай хабари расонаҳоро дар бораи тирборон кардани як гурӯҳи табибон аз тарафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар наздикии Угледар, ки барои берун овардани захмиён ба онҷо равон шуда буданд, шарҳ дод.
Дар посух ба ин суол, ки оё Маскав ин мавзӯъро дар минбари СММ матраҳ хоҳад кард ё на, Дмитрий Песков таъкид кард, ки дипломатҳои рус пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба нақзи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби Украина ҷалб мекунанд.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.