Лавров консепсияи нави сиёсати хориҷии Русияро фаҳмонд

Ҳадаф бартараф кардани якатозии ғарб дар таъйин намудани чаҳорчӯбаи ҳаёти байналмилалист, ки бар пояи яккатозию манфиатҳои худӣ муқаррар мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Консепсияи нави сиёсати хориҷии Русия ба зарурати қатъи монополияи Ғарб дар муайян кардани чаҳорчӯби ҳаёти байналмилалӣ тамаркуз хоҳад кард, гуфт вазири корҳои хориҷии ФР, Сергей Лавров.
Вай ин нуктаро зимни суханронӣ дар соати ҳукуматӣ дар Думаи давлатӣ баён дошт.
"Чорчӯба минбаъд бояд на аз рӯи манфиатҳои ғаразноки худхоҳона, балки дар асоси комилан фарогири таносуби манфиатҳои ҳама муайян карда шаванд, ҳамон тавре, ки оинномаи СММ талаб мекунад", - гуфт Лавров.
Таъкид шуд, ки маҳз дар оиномаи СММ заминаи баробарҳуқуқию соҳибихтиёрии ҳамаи давлатҳо муайян карда шудаст.
Вазири корҳои хориҷии Русия афзуд, ҳоло талошҳо сурат гирифта истодаанд, ки зери шиорҳои раҳоӣ аз истеъморгарӣ ба умури дохилии ФР расанду онро ба даҳсолаҳо пас гардонанду аз рушд боздоранд.
"Англо-саксонҳо ва дигар колективи ғарбие, ки бешубҳа ба онҳо итоат мекунад, қоидаҳои худро дар умури байналмилалӣ ҷорӣ кунанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Раиси парлумони Қрим қасди Ғарб дар Украинаро баён дошт
"Ҳадафашон идораи минбаъдаи шароити рушди инсоният мебошад то мавқеи фармонфармоии худро ҳифз кунанд", - таъкид намуд Лавров.
Ӯ қаблан таъкид карда буд, ки на Иёлоти Муттаҳида ва на муттаҳидони ғарбии он ба принсипи баробарӣ эҳтиром надоранд, онҳо худро аз ҳама болотар медонанд.
Дар ҳоле, ки дар оинномаи СММ таъкид шудааст, ки созмон бар асоси баробарҳуқуқии ҳамаи давлатҳо асос ёфтааст, таъкид намуд Лавров.