Ҳамеша омодаем: Раҳимзода дар бораи хатари ҳамла ба Тоҷикистон

Вазири умури дохилии Тоҷикистон омодагии нерӯҳои ниҳоди тобеаш ва сохторҳои мақомоти амниятиро барои таъмини бехатарии кишвар таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода гузоришҳо дар мавриди таҷаммӯи ҷангиёни ДИИШ дар марз бо ҷумҳуриро тавзеҳ дод.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳифзи амнияти сарҳад бо Афғонистон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки мақомот, аз ҷумла марзбонию амнияти миллӣ хонд. Вай афзуд, нақшаи муштараке таҳия шудааст, ки дар сурати ҳолати хатар амалӣ мегардад.
"Мо ҳамеша омодаем. Дар чунин мавридҳо нақшаи муштарак дорем, ки дар сурати зарурат амалӣ мегардад. Ҳамчунин дар ҳолати зарурӣ аз нерӯҳои СПАД барои ҳимоят аз марзҳои Тоҷикистон истифода хоҳад шуд", - гуфт Раҳимзода.
Ин дар ҳолест, ки раиси ситоди муштараки СААД, Анатолий Сидоров эълом дошт, ки ин созмон ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад.
Ӯ зимни нишасти матбуоӣ изҳор дошт, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, СААД омода аст, ки дар зарфи 12 соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон диҳад.
"Бовар кунед, ҳеҷ кас Тоҷикистонро тарк намекунад", - таъкид намуда генерал ва афзуд, ки ин ҷумҳурӣ сарҳади ҷанубии СААД мебошад.
Раҳимзода: 31 амали террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шуд
Ба гуфтаи Сидоров, дар қаламрави Афғонистон нерӯҳои зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба тамомияти Тоҷикистон таҳдид кунанд, аз ҷумла террористон аз гурӯҳҳои мамнӯъ.
Ба иттилои СААД, теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон ба 6500 нафар расидааст, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
Сидоров мегӯяд, аксари ин ҷангҷӯён дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷой гирифтаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия