Ҳамдардии Раҳмон ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда дар Хоруғ

Роҳбари кишвар вобаста ба талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ баъд аз фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст
Манбаъ хабар додааст, ки бо супориши раисҷумҳури кишвар аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ дар бораи бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.
Зикр гардидааст, ки дар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф намоянд.
Ҳамчунин раисҷумҳур дастур додааст, ки ба оилаҳои зарардида кумаки моддии Ҳукумати Тоҷикистонро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд.
Таъкид шудааст, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Камаш 20 куштаю маҷруҳ ва чанд нафар бенишон: Шарҳи ВКД дар бораи тармаи Хоруғ
Дар пайи тармафароиҳо дар Хоруғ то ҳол 8 кас ба ҳалокат расида, 12 нафар дар беморхона қарор доранду чанд нафари дигар феълан бедараканд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар натиҷаи зери тарма мондани хонаҳои истиқоматӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.
ар пайи тармафароиҳо дар Хоруғ то ҳол 8 кас ба ҳалокат расида, 12 нафар дар беморхона қарор доранду чанд нафари дигар феълан бедараканд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар натиҷаи зери тарма мондани хонаҳои истиқоматӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Тармаи харобиовар пеш аз зуҳри 15 феврал дар кӯчаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ фаромад, ки дар баробари хонаҳои истиқоматӣ инчунин бинои консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ зери барф мондаанд.
Ҳавошиносон мегӯянд, боду ҳавои номусоид дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 19 феврал идома хоҳад кард.