Камаш 20 куштаю маҷруҳ ва чанд нафар бенишон: Шарҳи ВКД дар бораи тармаи Хоруғ

Феълан 12 нафар ба Маркази ташхиси Хоруғи боло дастрас карда шуданд, ки 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд, иттилоъ дод мақомоти умури дохилӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар пайи тармафароиҳо дар Хоруғ то ҳол 8 кас ба ҳалокат расида, 12 нафар дар беморхона қарор доранду чанд нафари дигар феълан бедараканд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар натиҷаи зери тарма мондани хонаҳои истиқоматӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.
"Ҳамзамон 12 нафар шаҳрвандон ба Маркази ташхиси Хоруғи боло дастрас карда шуданд, ки 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки феълан ҷустуҷӯи чанд нафар, ки беному нишон шудаанд, идома дорад.
"Инчунин, 7 манзили истиқоматӣ зери тарма монда, пурра хароб гашта, 10 хонаи дигар қисман зарар дидааст", - омадааст дар иттилоияи ВКД.
Роҳи Душанбе-Чаноқ бинобар боронҳои беист ва афзудани тармафароӣ баста шуд
Қаблан КҲФ инчунин аз ҳалокати як нафари дигар дар ноҳияи Ванҷ бар асари тармафароӣ хабар дод.
ВКД мегӯяд, айни замон, Комиссияи махсус аз ҳисоби сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, ба осебдидагон кумак фиристодаанд ва дар ҷойи ҳодиса Ситод оид ба бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ корҳои бартарафсозиро идома дода истодааст.
Тармаи харобиовар пеш аз зуҳри 15 феврал дар кӯчаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ фаромад, ки дар баробари хонаҳои истиқоматӣ инчунин бинои консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ зери барф мондаанд.
Ҳавошиносон мегӯянд, боду ҳавои номусоид дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 19 феврал идома хоҳад кард.