Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин тасдиқ кард, ки ба пирӯзии Русия итминон дорад

Президенти Русия қайд кард, ки кишвар бояд ҳатман ба миллатгароӣ, ки дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина зидди он мубориза мебарад, мағлуб кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бори дигар изҳори итминон кард, ки кишвараш пирӯз хоҳад шуд.
Дар ин бора президент зимни мулоқот бо раиси Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия Геннадий Зюганов изҳор дошт.
Онҳо ба мавзӯи мубориза бо нозиён, инчунин мавқеи кишварҳои ғарбӣ дар робита ба Федератсияи Русия ва амалиёти вижа дар Украина дахл карданд.
"Мо бояд ғалаба кунем ва мо ғалаба хоҳем кард" — гуфт Зюганов дар бораи амалиёти ИМА ва Аврупо, муборизаи зидди фашистон ва миллатгароён. "Ҳамин тавр хоҳад шуд", - афзуд Владимир Путин.
Президенти Русия дар мулоқот бо Зюганов ҳамчунин тамоми коммунистонро бо 30-солагии барқароршавии ҳизб табрик гуфт.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Раиси парлумони Қрим қасди Ғарб дар Украинаро баён дошт
Ӯ қайд кард, ки Ҳизби Коммунистии Русия қисми намоёни ҳаракати ватандустонаи мамлакат мебошад.
"Он (ҳизб - ред.) дар мубоҳисаи сиёсӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои қобили қабул ва оқилонаи рушди кишвар ҳам дар бахшҳои иҷтимоӣ ва ҳам иқтисодӣ саҳми арзанда мегузорад", - таъкид кард Путин.