Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Қодиров: Русия аҳдофи амалиёти вижа дар Украинаро то охири сол анҷом хоҳад дод

Раҳбари Чеченистон ахиран эълон кард, ки аҳдофи амалиёти вижа дар Украина то охири соли равон сад дар сад анҷом дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. То охири соли равон тамоми аҳдоф дар чаҳорчуби амалиёти вижа дар Украина 100 дарсад иҷро хоҳанд шуд, гуфт раҳбари Чеченистон дар шабакаи телевизмонии "Россия 24".
"Новобаста аз он, ки баъзе нафарон мегӯянд - як сол, ду, се сол барои анҷом додани амалиёт лозим аст, аммо ман бовар дорам, ки то охири сол мо мақсадҳои дар пеши истодашударо 100 дарсад анҷом хоҳем дод", - гуфт Қодиров.
Вай илова кард, сарбозҳо барои он мубориза мебаранд, ки сулҳ бошад тирпаронӣ набошад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина дар тарафи Артемовск бозиҳои "кимёӣ" дорад: Ҳатман ҷазо дода мешавад
“Мо бояд мисли имрӯзҳо шабу рӯз кор кунем", - таъкид кард раҳбари Чеченистон.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд". Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.