ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Мардуми Афғонистон метавонанд толибҳоро* сарнагун кунанд.
Ин нуктаро фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, Замир Кабулов, дар мусоҳиба бо маҷаллаи ҳиндии “The Week” изҳор дошт.
Ӯ гуфт, бад шудани шароити зиндагии аҳолии ин кишвар, метавонад боиси сарнагунии ҳукумати ин гуруҳ гардад.
Ба гуфтаи вай, режими феълии Афғонистон чолишҳои эҳтимолии қудрати худро, ки на аз хориҷи кишвар, балки аз дохили он - аз ҷониби аҳолӣ меояд, нодида мегирад.
""Толибҳо мисли ҳукуматҳои пешинаи дастнишонда, хушбахтанд, ки афроде мисли афғонистониҳоро доранд, ки танҳо бо як пора нону об зиндагӣ мекунанд. Аммо вазъ ин тавр идома карда наметавонад", - гуфт ӯ.
Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо таассуф изҳор дошта буд, ки толибҳо ба ташкили давлати фарогир бе тавваҷуҳ ҳастанд.
Ба гуфтаи Кобулов, талошҳои кишварҳои минтақа то ҳадди зиёде ба суботи мақомоти феълӣ кумак кард, ки бештари онҳо бар хилофи таҳримҳои Ғарб ҳузури сиёсӣ ва дипломатики худро дар Афғонистон ҳифз карданд.
Вай афзуд, буҳрони интиқоли қудрат дар Афғонистон рафъ гардида, зарурати иқдоми бештар барои таъмини амнияту мубориза бо таҳдидҳоро таъкид намуд.
Толибҳо нимаи августи соли 2021 қудратро дар Кобул ғасб карда, аз поёни ҷанг дар Афғонистон хабар доданд.