ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ҳаракати "Фура" ва мошинҳои боркаши ядакдор дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд, хабар дод ширкати IRS.
Гуфта мешавад, чунин тадобир ба хотири таъмини ҳаракати мошинҳои сабукрав дар ин масир роҳандозӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз яхбандию хатари фаромадани тарма дар шоҳроҳии куҳҳии ҷумҳурӣ дар давоми ду рӯзи оянда ҳушдор додааст
То 13 феврал дар шоҳроҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ пешгӯӣ мешавад, ҳушдор дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, давоми 2 рӯзи оянда дар минтақаҳои кӯҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари яхбандия офатҳои табиӣ вуҷуд дорад.
Ҳавошиносон инчунин аз хатари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, махсусан дар қисмати километрҳои 44-79 ҳушдор додаанд.
Дар зимн ҳушдор дода шудааст, ки ҳарорат дар бархе қисматҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ сард хоҳад омад. Ба иттилои ҳавошиносон, ҳарорат дар шарқи вилоят шабона ба 30-35 ва рӯзона 14-19 дараҷа сардӣ мерасад.