ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Теъдоди умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар Тоҷикистон мутаносибан 21170 ва 61383 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин омор ба ҳолати охири декабри соли 2022 сабт шудааст. Манбаъ афзуд, ки теъдоди табибон нисбат ба соли гузашта 1,8% ва кормандони миёнаи тиббӣ 1,7 % зиёд мебошад.
Тибқи оморҳои пешакӣ банд будани воҳидҳои кории табибон 87,9 ва кормандони миёнаи тиббӣ 97,6 % - ро ташкил дода, нисбат ба як соли пешин таҳминан 3,8 ва 2,1% зиёд мебошад, илова намуд Вазорати тандурустӣ.
Аз ҷумла дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон 3994 нафар духтурон бо маълумоти олӣ ва 20 ҳазору 99 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, иттилоъ доданд мақомоти Хатлон.
Нашрияи расмии вилоят, "Хатлон", қайд кардааст, ки нисбат ба соли 2021-ум шумораи духтурон 344 нафар, аз ҷумла 13 ҷарроҳ, 8 момодоя, 14 духтури амрози даруна, 17 духтури кӯдакона, 38 табиби оилавӣ, 9 духтури дандон ва инчунин 1392 корманди миёнаи тиббӣ зиёд шудааст.
Таъкид гардид, ки айни ҳол дар Хатлон 1779 муассисаи муолиҷавию профилактикӣ фаъолият мекунад. Аз ҷумла 1517 муассисаи амбулаторию дармонгоҳӣ, 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ ва 119 муассисаи сохтори госпиталӣ ба беморон хизмат мерасонанд.