Тавсифи вазири корҳои дохилии Туркия аз кори наҷотдиҳандагони тоҷик

Вазири корҳои дохилии Туркия дар шаҳри Қаҳрамонмараш аз макони кори наҷотдиҳандагони тоҷик боздид карда, миннатдории кишварашро баён намудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар минтақаҳои зарардида аз заминларзаи ахир мавриди тавсифи мақомдорони баландпояи Туркия қарор гирифтааст.
Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии Туркия, Сулаймон Сойлу аз шаҳри Қаҳрамонмараш, аз ҷумла макони кори наҷотдиҳандагони тоҷик боздид кардааст.
Манбаъ афзуд, ки вазир бо натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда шинос гардида, ба наҷотдиҳандагони тоҷик барои заҳмати фидокоронаашон барои наҷоти ҷони мардуми осебдида миннатдорӣ баён кард.
Вазири корҳои дохилии Туркия ба фаъолиияти наҷотдиҳандагон баҳои баланд дода, ба кордонӣ ва саривақтӣ иҷро намудани вазифаҳои худ, наҷотдиҳандагони Кумитаро ситоиш кард.
Имдодрасонии наҷотбахшони тоҷику дигар давлатҳо ба сокинони Туркия ва Сурия - видео
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ба Туркия ҳайати 50-нафарии табибон ва наҷотдиҳандагонро фиристод, барои бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи шадиди 6 феврал кумак мекунанд.
Ахиран имдодгарони тоҷик дар Туркия ду нафарро, ки узви як оила мебошанд, аз марг наҷот доданд.
Падар ва фарзанди шашмоҳаи ӯро наҷотбахшони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамонмашар аз зери бинои фурӯрафта зинда берун оварданд. Онҳо давоми шаш рӯз зери сангу бетон қарор доштанд.
Дар баробари ин то ҳол ҳайати тоҷикистонӣ аз зери харобаҳо даҳҳо ҷасадро берун оварда, ба мақомоти Туркия супурд.