Ҳушдор аз яхбандию тарма ва то 35 дараҷа хунукӣ дар Тоҷикистон

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз яхбандию хатари фаромадани тарма дар шоҳроҳии куҳҳии ҷумҳурӣ дар давоми ду рӯзи оянда ҳушдор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. То 13 феврал дар шоҳроҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ пешгӯӣ мешавад, ҳушдор дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, давоми 2 рӯзи оянда дар минтақаҳои кӯҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари яхбандия офатҳои табиӣ вуҷуд дорад.
Ҳавошиносон инчунин аз хатари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, махсусан дар қисмати километрҳои 44-79 ҳушдор додаанд.
Дар ВМКБ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят хунукии ҳаво шабона ба 30-35 ва рӯзона 14-19 дараҷа сардӣ мерасад.
Се қурбонӣ ва 7,6 милион сомонӣ хисорот: Мақомоти Суғд зарар аз офатҳои табииро гуфтанд
Суғдро низ ҳавои абрнок фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук дар назар аст.
Ҳарорат дар водиҳои Хатлон шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Душанберо ҳавои абрнок ва тормеғ фаро гирифта, ҳарорат шабона 5-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.