Боз зиёд шуд: эълони қарзҳои "Барқи тоҷик" аз НБО “Сангтӯда-1”

Масъулини нерӯгоҳ мегӯянд, қарзи ширкати "Барқи тоҷик" назди НБО “Сангтӯда-1” боз наздик ба 280 миллион сомонӣ зиёд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11фев – Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз НБО “Сангтӯда-1” барои нерӯи барқ ба ҳолати 31 декабри соли гузашта 276 миллион сомони зиёд шуда ба 2,37 млрд. сомонӣ расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин нерӯгоҳ.
Масъулини НБО "Сангтӯда-1" бошад, мегӯянд, ки аз аввали соли 2022 сатҳи пардохти ҶДММ "Барқи тоҷик" 68 дарсади арзиши нерӯи барқро ташкил додааст (аз он танҳо 35% бо пули нақд пардохт шудааст).
Интиқоли нерӯи барқ ​​ба НБО "Сангтӯда-1"дар соли гузашта 2 423,97 миллион киловатт соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 217 миллион кВт/соат ё 9,8 фоиз зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пееш Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон зини нишасти матбуотӣ эълон кард, ки маблағи қарзӣ НБО "Сангтуда-1" дар назди Кумитаи андоз 245,6 миллион сомонӣ ташкил медиҳад.
Вай гуфт, ки мутаасифона маблағе, ки бояд НБО “Сангтуда-1” пардохт, кунад вобаста аз ширкати “Барқи тоҷик” аст.
Давлатзода гуфт, камшавии қарзи “Сангтуда-1” аз чӣ вобаста аст
“Тайи 10 сол аст, ки созишномаи ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи тартиби пардохт кардани маблағҳо амал мекунад. Ин созишномаро Тоҷикистон риоя дорад. Чиқадар ҷамъоварии маблағ дар соҳаи барқ вазорати энергетика зиёд шавад, ҳамон қадар имконият пайдо мешавад қарзи андозро кам кунанд”, - таъкид кард ӯ.
Вай илова кард, ки мутаасифона ҳоло аз ҳамин ҳолат баромада натавонистем.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан НБО "Сангтуда-1" дар шарҳи қарздорияш гуфта буд, ки "Барқи тоҷик" сабаби ин бебандуборист, зеро саривақт пули барқро пардох намекунад.
Ба гуфти ин ширкат дар ҳоли ҳозир қарзи "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳ ба 200 миллион доллар наздик мешавад.
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳсули ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр доранд.