ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Фавти шашгоникҳоро дар вилояти Суғд гуруҳи кории вазорати тандурустӣ мавриди санҷиш қарор додааст.
Дар ин бора вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, муайян шудааст, ки фавти шашгоник ба кори масъулини тиббӣ рабт надошта, тамоми хадамоти зарурӣ ба модару кӯдак, аз ҷумла аз талоши дароз кардани ҳомиладорӣ то дастгоҳҳои махсус - кувез, баъди таваллуд фароҳам будаст.
Вазир фавти кӯдаконро ба норасид будани онҳо рабт дод, ки муайян шудааст, 23 ҳафтаю 5-рӯза будаанд. Қаблан вазорат гуфта буд, ки тифлони бадунёомада аз рӯи муҳлати ҳомиладорӣ 26 ҳафта, қариб 6 моҳаро ташкил медиҳад, ки онро “кӯдакони норасидаи экстремалӣ” мегӯянд.
Дар зимн зикр кард, ки барои иштибоҳҳои техникӣ 3 корманди тиббӣ муҷозот шудаанд.
Вазири тандурустӣ гуфт, барканории Дадобоева Нурӣ аз мақоми сартабиби таваллудхонаи Суғд ба ҳолати фавти шашгоникҳо рабт надошта, ӯ бинобар расидан ба синни нафақа бознишаста шудааст. Мунира Валиева, сартабиби нави таваллудхонаи Суғд таъйин шуд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи январи соли равон дар Суғд бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шашгоник таваллуд шуданд, ки баъдан фавтиданду баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон барангехтанд.