ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар сафорати Туркия дар Душанбе бо сафири ин кишвар, Умут Аҷар мулоқот кард.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, Расулзода дар робита ба заминларзае, ки субҳи 6 феврал дар Туркия, ки талафоти зиёди ҷонию молӣ дар пай дошт, ҳамдардии мардуми тоҷикро баён дошт.
Таъкид гардидаст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали рух додани фоҷиа, барои расонидани кумак ва сафарбар намудани гурӯҳи наҷотдиҳандагон омода буда, минбаъд низ дар ин самт чораандешӣ мекунад.
Заминларзаи шадид дар Туркия 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия рух дода, даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ дар ин кишвар ва Сурия барҷой гузошт.
Тоҷикистон ба минтақаҳои осебдида аз заминларза аз номи раисиҷумҳур кумаки башардӯстона дар ҳаҷми 100 тонна маводи ниёзи аввалия супорида, шаҳрвандони қаторӣ низ ба маъракаи ҷамъоварии кумак ба зарардидагон пайвастаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин ба Туркия гуруҳи 50-нафарии наҷотдиҳандагону табибони осебшиносро фиристод.
Феълан дар Туркия мотами миллӣ эълон шудааст, ки то 12 феврал идома хоҳад дошт. Ҳамчунин дар вилоятҳои осебдида аз заминларза ҳолати изтирорӣ эълон шудааст.