ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон феълан 5 лоиҳа бо маблағи умумии ҳудуди 30 млн доллар мавриди татбиқ қарор доранд.
Дар ин бораи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Камолиддин Муминзод, ки як моҳи қабл ба ин мақом таъйин шуд, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ ҳадафҳои ояндаашро рушди инфрасохтори саййёҳӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ, тавсеаи намуди хизматрасониҳо ва ташаккули бренди миллӣ дар соҳа гуфт.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар Тоҷикстон 242 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки 50 ададашон ба ВМКБ, 43 ба Суғд, 19 ба Хатлон, 112 ба Душанбе ва 18 адад ба шаҳру навоҳии тобеи марказ рост меоянд.
Таъкид гардид, ки ҳиссаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 2,8%-ро ташкил додаст.
Кумита афзуд, ки барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба сайёҳон тайи 5 соли оохир беш аз 600 иншоот ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба истифода дода шудаанд.
Шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, 999,3 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 703 ҳазор нафар ё 3,4 баробар зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Кумита шаҳрвандони хориҷӣ асосан ба ҳайси сайёҳ аз Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Туркия, ИМА, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Олмон ва аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба Тоҷикистон ташриф оварданд.