ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Дар шаҳри Исфара Абдувалӣ Қаюмов, охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар синни 100-солагӣ даргузашт.
Ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуотии раиси шаҳр Зубайдулло Шомадов тасдиқ кард.
Абдувалӣ Каюмов дар озод кардани шахру деҳоти собик Иттиҳоди Шӯравӣ, Руминия, Венгрия, Чехословакия иштирок кардааст.
Ӯ пас аз анҷоми ҷанг зиёда аз 30 сол дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузоштаааст.
Куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1982 ба нафақа баромад.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январ дар Душанбе бо куҳансарбози дигари ҶБВ - Леокадия Ковтун видоъ карданд. Ӯро дар қабристони пойтахт бо ҳамроҳии оркестри низомии 201-уми РВБ ба хок супурданд.