ДУШАНБЕ, 09 февр – Sputnik. Қисмати умдаи онҳо афроде мебошанд, ки маризии COVID-19 – ро аз сар гузарондаанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои бемороне, ки бемории сироятии паҳнгаштаи коронавирус COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, бори нахуст гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда шудааст.
“Инҳо касоне ҳастанд, ки дар пайи раҳоӣ аз COVID-19 бемориҳои ҳамрадиф пайдо кардаанд. Ин бемориҳое ҳастанд, ки метавонанд маъюбиро ба бор оранд, аз қабили қанду дил. Коронавирус сабаб шудааст, ки бемории музмине, ки доранд, авҷ гирад ва онҳоро маъюб созад”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар соли 2022 ба комиссияҳои Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ 11786 нафар (кӯдакон - 3946 нафар) бори нахуст барои муқаррар намудани маъюбӣ сабт, ҳамзамон 7107 нафар аз маъюбӣ бароварда шуд ва 2966 маъюб (кӯдакон - 291) фавтидааст.
Мутахассисони вазорат тамоюли зиёдшавии маъюбӣ, бахусус дар байни кӯдаконро зикр намуда, мегӯяд, сабабҳои он аз як тараф агар нуқсонҳои модарзодӣ, ирсӣ-гинетикӣ ва никоҳи хешу табории наздик бошад, аз тарафи дигар, ин беморшавии аҳолӣ аз бемориҳои ғайрисироятӣ ва сироятӣ аст.
Тибқи иттилои вазорат, дар соли 2022 ба 1713 нафар (21,8%) бемороне, ки маризии коронавирус COVID-19-ро пушти сар кардаанд, бори нахуст гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда шудааст.
Бино ба ин манбаъ, агар ба ҳолати 1 январи соли 2022 теъдоди нафақагирони маъюб 157 ҳазору 933 нафарро ташкил медод, ба 1 декабри соли 2022 ин рақам ба 159 ҳазору 646 нафар (кӯдакон – 32 ҳазору 197 нафар) расид, ки теъдоди маъюбон 1713 нафар (кӯдакон - 396 нафар) афзудааст.